Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон нақша чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дошта, зери таваҷҷқҳи ҳамешагии раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр қарор дорад. Бо ин мақсад дар маҳаллаи Тағоймурод Хушвахтов-и ҷамоати шаҳраки Ёвон майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакону наврасон аз ҷониби соҳибкорон ва саҳми маҳал сохта ба истифода дода шудааст, ки дар он кӯдакону наврасони ҳудуди маҳаллаи мазкур метавонанд ба бози машғул шаванд. Бояд гуфт, ки то ин замон дар ҳудуди маҳаллаи мазкур чунин макон барои бозии кӯдакону наврасон мавҷуд набуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.