35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО БО ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои бевоситаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дошрад. Бо ин мақсад дар тамоми маҳаллаҳи ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон бо ҷалби соҳибкорон ва саҳми маҳал роҳравҳои пиёдагарди кучаҳои шаҳраки Ёвон пурра битонпуш карда шуда истодааст. Ин иқдом метавонад бозҳам барои беҳтар гардидани гашту гузори сокинон ва меҳмонони ноҳия дар вақтҳои боришот мусоидат намояд. Ҷавонони имрӯза бо шукргузори аз фазои сулҳу суботи ҷовидона ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Пешвои миллат ҳамаҷониба пуштибони намуда, то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ тасмим доранд корҳои созандагиро дар ҳамаи самтҳо ҷоннок намоянд ва ҷашни Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.