Санаи 25 июни соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Иҷлосияи бистучоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори Иҷлосия раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-муовини раиси вилояти Хатлон Каримзода Ҷамшед, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, вакилон, ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи Иҷлосияи навбатӣ се масъала, аз ҷумла: Дар бораи рафти иҷрои қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз 30 марти соли 2022, №1323 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025”

Ҳисоботи раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон оид ба масъалаҳои аграрӣ, идоаи замин, захираҳои об, экология ва шуғли аҳолӣ.

Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Ёвон мавриди баррасии вакилон қарор дода шуд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи Иҷлосия Раҷабзода Алишер- муовини раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 32 дар бораи рафти иҷрои қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз 30 марти соли 2022, №1323 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025” баромад намуда, сипас вакилон Халилов Бурҳониддин- вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 15, Темурзода Фарзона- вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 10 ва Одинаев Миралӣ- вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 8 ба музокира баромада, таклифу пешниҳодҳои интихобкунандагонро манзур намуданд.

Ҳамзамон, оид ба масъалаи мазкур аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – муовини раиси вилояти Хатлон Кармзода Ҷамшед барои боз ҳам ҷоннок намудани корҳо дар ин самт баромад намуда, дастуру супориш ва тавсияҳо дода шуд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи Иҷлосия Ҳисоботи раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон оид ба масъалаҳои аграрӣ, идоаи замин, захираҳои об, экология ва шуғли аҳолӣ Ҳасанзода Саъдулло шунида шуд.

Қарорҳои раиси ноҳия дар баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи Илосия якдилона аз ҷониби вакилон тасдиқ карда шуд.

Дар қисати хотимавии Иҷлосия аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода оиди баргузории вохӯриҳои вакилон дар ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба риояи Қонунҳои миллӣ, пешгирии пушидани либоси ба фарҳанги милии мо бегона аз ҷониби занону духтарон ва истифода самараноки заминҳои назди ҳавлигӣ дастур дода шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.