БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ САРҚАМИШ

Дар доираи дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон нақша чорабиниҳо таҳия гардида, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Санаи 26 июни соли равон дар деҳаи Сарқамиши ҷамаоти деҳоти ба номи Гулсара Юсупова бинои наву замонавии бунгоҳи саломатии деҳаи Сарқамиш дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардори қарор дода шуд. Дар маросими Ифтитоҳи бунгоҳи саломатӣ раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода иштирок ва суханрони намуданд. Нахуст меҳмонон бо шароити кории бунгоҳи саломатӣ шинос гардиданд. Сипас раиси ноҳия дар назди ҳозирин баромад намуда ба истифода додани бинои навро ба тамоми сокинони деҳаи Сарқамиш табрику муборакбод намуданд. Инчунин иброз карда шуд, ки соҳаи тандурусӣ яке аз соҳаҳои калидии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ба хотири беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тамоми гушаву канори мамлакатамон биноҳои наву замонавии марказҳои саломатӣ ва бунгоҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар рафти боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 5 ҳуҷраи кори бо тамоми таҷҳизот муҷаҳҳаз буда бо дастгирии соҳибкорони ватандӯстӣ ноҳия сохта шудааст. Гуфта шуд, ки бунгоҳи мазкур ба 3434 нафар аҳолии деҳаи мазкур хамати тиббӣ мерасонад. Дар фарҷом аз ҷониби раиси ноҳия ба нафароне, ки дар сохтмони ин бинои наву замонавӣ саҳми назаррас гузоштаанд дар фазои тантанавӣ сипосномаҳо таҳдим карда шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.