Табрикоти раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Бахтиёр ба муносибати Иди саиди Қурбон

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Фарорасии иди саиди Қурбонро, ки яке аз идҳои босаодати мусулмонон ба ҳисоб меравад, ба Шумо ва тамоми сокинони ноҳияи Ёвон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, рӯзгори тинҷу осуда, дастархони пурфайзу бобаракат, хотирҷамъию саодати зиндагӣ ва ба Ватани азизамон –Тоҷикистони биҳиштосо пешрафту ободкориҳо таманно менамоям.
Таълимоти дини мубини ислом дар баробари тоату ибодат, инчунин, сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад. Зеро он ҳамеша некиву накӯкорӣ ва бародариву баробариро тарғибу талқин намуда, хушунату зӯроварӣ ва ифротро маҳкум мекунад ва моро даъват ба он мекунад, ки кинаву кудурат ва душманиву ҳасадро аз дилҳо дур намуда, гуноҳи якдигарро бубахшем, ба рӯи ҳамдигар табассум кунем ва ба хотири ободии Ватани маҳбубамон дӯстиву рафоқат ва сулҳу ваҳдатро густариш диҳем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба унсурҳои неки инсондӯстонаи иди Қурбон, ки давоми асрҳо ҳамчун анъана то замони мо расидааст, барҳақ таъкид намудаанд: «Дар баробари дурӣ ҷустан аз аъмоли носавобу номатлуб ва талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кӯмак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кӯмак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад».

Ҳамдиёрони азиз!
Мо бояд идро ба зиёфати бодабдаба табдил надода, онро хоксорона, бо оростани дастархони маънавӣ, сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар аъмоли хайру савоб доир намоем ва бештар ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии он диққат диҳем.
Бе хароҷоти зиёдатӣ ва бе оростани дастурхони бодабдаба гузаронидани ид аз қадим хоси мардуми мо буд. Дигар ин ки касеро ба иҷрои коре, ки аз тавону имконаш берун аст, маҷбур кардан, хусусан, дар шароити имрӯза, қарз гирифта қурбонӣ кардан ва ҳаққи фарзандонро кам намудан низ дар ислом нораво мебошад.
Анъанаи қурбонӣ кардани чорво аз ҷониби онҳое, ки имконияти мусоиди иқтисодӣ дошта, дар таъмини аҳли оилаашон мушкилие вуҷуд надорад ва он ҳам ба хотири дастгирии эҳтиёҷмандон дар байни мардуми мо роиҷ аст.
Вале бояд гуфт, ки анҷом додани қурбонӣ аз қудрату тавони ҳар як шахс вобаста мебошад. Яъне қурбонӣ кардан ба дӯши ҳама ҳатмӣ нест ва ин амалро танҳо онҳое метавонанд анҷом диҳанд, ки аҳли оила ва фарзандони онҳо аз ҳар лиҳоз таъминанд ва танқисиву мушкилие надоранд.
Ба ибораи дигар, зарур аст, ки корҳои хайр ва амалҳои эътиқодӣ дуруст ва танҳо дар доираи имкон иҷро карда шаванд.
Зеро Худованди мутаол дар ояти 286-уми сураи “Бақара”-и каломи осмонии худ фармудааст, ки «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш воҷиб намекунад».
Ҳамчунин, мехоҳам як нуктаи дигари бисёр муҳимро хотирнишон созам, ки тибқи қарори Шурои уламои Тоҷикистон вобаста ба баргузор намудани иди саиди Қурбон ба масъалаи пешгирии исрофкорӣ ва танзими идгардаки кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем.
Илова бар ин, дар шароити имрӯзаи буҳронҳои сиёсию маънавии ҷомеа, низоъҳои минтақавӣ ва болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ бо истифода аз ин фарҳанги бузурги исломӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мо бояд пеши роҳи ҳама гуна исрофкориву зиёдаравиро гирем ва бо истифода аз ҳикмати ободкории гузаштагон тамоми неруи худро ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва бунёдкориву созандагӣ равона намоем.
Иди саиди Қурбон иди бобаракат аст. Аз даргоҳи Худо орзӯ мекунем, ки аз баракати он мову шумо ва Ватани азизи моро баҳраманд созад.
Бо изҳори итминон ва таманиёти нек бори дигар ҳамаи Шумо ҳамватанон азизро ба муносибати ин Иди пурсаодат самимона табрик гуфта, ба хонадонатон бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву босаодат ва неъмати бузурги суботу оромӣ орзӯ менамоям.
Бигузор ҳар рӯзи зиндагиатон монанди имрӯз пур аз фараҳу шодӣ ва дастархонатон мисли дастархони идона пур аз нозу неъмат бошад!

Иди саиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.