СОКИНОНИ ДЕҲАИ 1-МАЙ БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД.


Санаи 13 июни соли равон дар деҳаи 1-майи ҷамоати деҳоти Норин ҷамъомади тантанвӣ бахшида ба маросими кушодашавии марҳилаи аввали сохтмони шабакаи таъмини оби нӯшокии деҳаи 1-Май, ҷамоати деҳоти Норин баргузор гардид. Дар маросими кушодашавӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат, хонум Нэнси Эслик-Ҳамоҳангсози глобалии USAID оид ба масъалаҳои об, Вашингтон минтақаи Колумбиа, Питер Райли директори намояндании USAID дар Тоҷикистон иштирок ва суханрони намуданд. Инчунин дар чорабинии мазкур фаъолони ҳудуди ҷамоат ва сокинони деҳаи 1-Май иштирок доштанд. Нахуст меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардуми ва ҳунари кадбонугии ҳунармандони ҷамоати деҳоти Норин боздид ба амал оварда ба ҳунари ҳунармандон баҳои баланд дода шуд. Аз номи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат баромад намуда, меҳмононро ба ноҳияи Ёвон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони деҳаи 1-май аз намояндагии USAID барои дастгири намудани чунин иқдоми башардустона изҳори сипос ва минатдори баён намуданд. Ҳамзамон хонум Нэнси Эслик суханрони намуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори ташаккур намуданд.
Бояд тазакур дод, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшоки дар деҳот бо дастгирии молиявии USAID дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, ва иштироки фаъоли сокинони деҳаи 1-май амали карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур аз масофаи 9 ҳазор метр тариқи қубурҳои обгузар ба маркази деҳа об оварда шадасст. Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур 3500 нафар сокинони деҳаи 1-май бо оби нӯшокӣ дастрасии доими пайдо менамоянд.
Қабл аз сохта шудани оби нӯшокии мазкур аҳолии деҳот ба шабакаи мутамаркази оби нӯшоки дастраси надошта, аз обҳои канали ирригатсионӣ ва обҳои мавсимии борон истифода мебурданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.