Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дод

Имрӯз дар доираи сафари ҳайати меҳмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба  Неругоҳи барқи обии «Норак» Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима дар ин макон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об баëн намуд.

Зимни суҳбат  Раймон Сима иқдоми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» муҳим ва башардӯстона арзёбӣ кард.

Ҳангоми  шиносоӣ бо Неругоҳи барқи обии «Норак» Раймон Сима изҳор намуд, ки сарватҳои ғании обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар олам яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд, дар ҳолати самаранок ба кор андохтанашон метавонанд барои ҳамаи кишварҳои ин минтақа манфиати зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ оваранд.

Ӯ ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дода, табиати зебою нотакрори кишвари моро биҳишти кашфношуда дар рўи замин арзёбӣ намуд. Тавре Сарвазири Ҷумҳурии Габон изҳор намуд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сайёра пешсаф буда, бо иқдому ташаббусҳои бузурги башардӯстона дар масъалаи об ва дигар масоили умдаи байналмилалӣ  Сарвари давлати Тоҷикистон   дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон шахсияти шинохта мебошанд».

Бознашр аз сомона АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.