Меҳмон аз Буркино Фасои Африқо Диало Блами: «Орзуи бо дӯстонам дубора ба Тоҷикистон омаданро дорам»
Сафари ҳайати мехмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Норак оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ин сафар беш аз 170 меҳмон аз дохил ва хориҷи мамлакат ба обанбори «Норак» рафта, бо захираҳои обӣ ва зарфияти гидроэнергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд.
Ҳангоми сафар меҳмонон ба хабарнигори АМИТ «Ховар», ки онҳоро ҳамроҳӣ менамуд, андешаҳояшонро дар мавриди зебоии шаҳри Душанбе баëн намуданд.
«Ба ман мавзеъҳои дилрабои шаҳри Душанбе, кӯчаю растаҳои тозаву озода, боғҳои ободу гулпӯш, иншооти бо тарҳу услуби муосиру миллӣ бунёдшуда хеле писанд омад. Воқеан, Душанбе зебо ва шаҳри орзуҳост»,- гуфт иштирокчии Конфронси сатҳи баланд аз Буркино Фасои Африқо Диало Блами.
Номбурда мегӯяд, ки маротибаи аввал аст ба Тоҷикистон меояд ва мақсад дорад, ки бо фароҳам омадани имконият бо дӯстонаш барои саёҳат дубора ба инҷо биёяд.
“Наворҳои зиёд аз табиати зебои Тоҷикистон бардоштаам, аз ин сафар таассуроти нек зиёд дорам. Наворҳоро ба дӯстону ҳамкоронам нишон дода, дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон қиссаҳо хоҳам кард. Мегӯям, ки дар ин сарзамин он қадар одамони самимию меҳмоннавоз зиндагӣ мекунанд, аз дидору суҳбаташон шод мешавӣ”,- афзуд Диало Блами.
Дигар меҳмонон низ Тоҷикистонро макони афсонавӣ номида, ба мардуми меҳмоннавози тоҷик, хусусан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдомашон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки муҳим ва башардӯстона мебошад, баҳои баланд доданд.
Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»