То соли 2032 неруи барқ дар Тоҷикистон пурра аз ҳисоби захираҳои энергетикаи «сабз» истеҳсол карда мешавад

«Мо талошҳои худро барои гузаштан ба иқтисоди «сабз» дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии кишвар истеҳсол мешавад», — иттилоъ доданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

«Мо тасмим гирифтаем, ки ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба 100 фоиз расонем, яъне тавлиди неруи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои энергетикаи «сабз» ба роҳ монем, — таъкид намуданд Сарвари давлат. — То соли 2037 ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон нияти дигари мо мебошад».

Дар ин замина, дар баробари истифодаи пурраи неруи таҷдидшаванда дар Тоҷикистон «Барномаи кабудизоркунии табиати кишвар то соли 2040» қабул карда шуд, ки тибқи он, дар ин давра бояд зиёда аз ду миллиард ниҳол шинонида шавад.

Бознашр

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.