РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар доираи Раванди оби Душанбе баргузор гардид, анҷом ёфт.
Дар маросими пӯшидашавӣ Сарвазир Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамаи иштирокчиёнро бо баргузории муваффақонаи конфронс табрик гуфта, ба онҳо барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.
Сохтори барномаи конфронс, ба таъкади Сарвазири мамлакат, аз конфронси қаблӣ бо он фарқ мекунад, ки имсол таваҷҷуҳи хос асосан ба пешбурди натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023 равона карда шуд. Дар робита ба ин, барномаи конфронс 5 муколамаи интерактивиро дар бар гирифт, ки мавзӯъҳои онҳо ба мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси обии СММ-2023 буданд.
Бояд гуфт, ки илова ба муколамаҳои интерактивӣ ва ҷаласаҳои пленарӣ, 9 форуми сатҳи баланд ва 15 чорабинии канорӣ доир гардида, Фестивали бошукуҳи мавзӯӣ оид ба об ва пиряхҳо баргузор шуд.
«Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки мо имсол аввалин маротиба Форуми бахши хусусӣ ташкил намудем ва бори нахуст дар таърихи Раванди оби Душанбе Форуми вакилони парлумон ва Форуми обро бо таваҷҷуҳ ба Африқо баргузор кардем», — тазаккур дод Сарвазири Тоҷикистон.
Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки майдони оби Душанбе имкон дод, ки муносибатҳои маҷмӯии ҳамгироӣ ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об пеш бурда шаванд. Иштирокчиён шоҳиди изҳороти муҳими миллӣ ва сиёсӣ гардида, ғояву тавсияҳои навро, ки аҳамияти баррасии масъалаҳои обро дар ҳама сатҳҳо бори дигар тасдиқ мекунанд, шуниданд.
Хотиррасон менамоем, ки пагоҳ, 13 июн барои иштирокчиёни конфронс ба гӯшаҳои хушманзараи Тоҷикистон саёҳат ташкил карда мешавад.
Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»