ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ЯТИМОН ВА ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ

Санаи 30 май, дар доираи сиёсати инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.

Нахуст дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон”, воқеъ дар кӯчаи Кароматулло Қурбонови ҷамоати шаҳраки Ёвон бо иштироки раиси вилоят маросими фаъолгардонии аввалин барномаи инноватсионии «Е-KHONISH» сурат гирифт.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон” соли 1993 таъсис ёфта, айни замон дар муассиса 20 нафар омӯзгор ба 166 нафар хонандагон (ятим ва нимятим, 63 нафар духтар) илму дониш меомӯзонанд.

Дастгоҳу таҷҳизотҳои Барномаи «Е-KHONISH» дар муассисаи таълимии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” ройгон дастрас ва васлу насб гардидааст. Дар муассиса 15 синфхона мавҷуд буда, 14 адад камераҳои навъи IP Hikvision 2 MP насб карда шудааст.

Раиси вилоят аз синфхонаҳои таълимии муассиса дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон сӯҳбати озод намуданд.

Хушвахтов Саъдӣ, директори генералии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» оид ба кор дар барнома ва нозукиҳои он маълумоти муфассал доданд.

Сипас, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ятимону хонандагони муассиса тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо ятимону хонандагон иброз намуданд, ки ҳеҷ гоҳ худро танҳову бекас ҳис накунанд, зеро Пешвои муаззами миллат ҳамеша ғамхори ятимон мебошанд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилоят омӯзгорону наврасонро барои истифодаи муфид аз шароити муосири фароҳамшуда, аз худ кардани илмҳои дақиқ, донистани забонҳои хориҷӣ вазифадор намуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.