ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ФАЪОЛГАРДОНИИ БАРНОМАИ “Е-KHONISH” ДАР МАКТАБИ № 75

Санаи 30 майи соли равон, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи таълимии № 75 ба номи Бобиев Муҳаммад, воқеъ дар кӯчаи Кароматулло Қурбонови ҷамоати шаҳраки Ёвон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маросими фаъолгардонии аввалин барномаи инноватсионии «Е-KHONISH» сурат гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 75 ба номи Кароматулло Қурбонов соли 1968 таъсис ёфта, аз 2 ошёна иборат аст. Айни замон дар муассисаи мазкур 59 нафар омӯзгорон ба 1730 нафар хонандагон илму дониш меомӯзонанд.

Дастгоҳу таҷҳизотҳои Барномаи «Е-KHONISH» дар муассисаи таълимии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” дастрас ва васлу насб гардидааст. Дар муассиса 33 синфхонаҳо мавҷуд буда, то ин ҷониб 20 адад камераҳои навъи IP Hikvision 2 MP насб карда шудааст.

Раиси вилоят аз синфхонаҳои таълимии муассиса дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон сӯҳбати озод намуданд.

Аз ҷониби директори генералии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» Хушвахтов Саъдӣ тариқи слайдҳо маълумоти пурра оид ба кор дар барнома ва нозукиҳои он маълумот манзур карда шуд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон иброз намуданд, ки Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас корҳои назаррасеро ба анҷом расонида истодааст.

— Тасдиқ намудани «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» яке аз қадамҳои устувор аст. Ҳадаф аз гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ин пеш аз ҳама тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад, — афзуд раиси вилоят.

Барномаи мазкур ҷиҳати рақамикунонии соҳаи маориф мусоидат намуда, вазорати маориф, раёсати маориф, падару модар, хонандагон ва омӯзгорон аз ҷараёни таълиму тарбия огоҳ мегарданд.

Инчунин, раиси вилоят аз намоиши дастранҷи хонандагон дидан намуда, ба як гурӯҳ волидайн як ададӣ планшет тӯҳфа намуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.