БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ «ҲУНАР ОМӮЗ…»
Бо мақсади иҷрои банди 33 «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маъриматӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, таҳти рақами АП-470 тасдиқ гардидааст, санаи 8 июни соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар боғи Ғалаба даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» аз рӯи 7 номинатсия баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат ва намояндаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилзода Набиҷон иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои ҳунармандон дидан карданд. Меҳмонон дар назди иштирокдорону ҳунармандон суханрони намуда, ба ҳунари болои онҳо баҳои баланд дода барои иштироки фаъолона ба ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот изҳори сипос ва минатдори карда шуд. Аз ҷониби баромадкунандагон иброз гардид, ки миллати тоҷик дорои ҳунарҳои гуногуни мардумист, ки дар шебу фарози таърихӣ бо заҳмату талоши ҳунармандонаш рушду такмил ёфта, то ба имрӯз омада расидааст. Дар ҳар замоне баҳри эҳёву рушд ва ба наслҳои минбаъда мерос гузоштани арзишҳои миллӣ шахсиятҳое рӯи корзори давлатдорӣ меоянду дар ин ҷода нақши муассиру асосӣ мегузоранд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятҳост, ки тамоми ҳунарҳои миллии қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаро бо ҷаҳду талош аз нав эҳё намуданд ва барои фаъолияти ҳунармандони мардумӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Дар фарҷом ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур муайян карда шуда бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.