90 СОЛИ ЁВОН
11 июни соли 1934 ТИБҚИ ҚАРОРИ ПРЕЗИДИУМИ КУМИТАИ МАРКАЗИИ ИҶРОИЯИ ТОҶИКИСТОН НОҲИЯИ ЁВОН ТАЪСИС ЁФТ.
90 сол пеш ана ҳамин рӯз дар қаламрави Тоҷикистони азизамон ноҳияе бо номи Ёвон таъсис ёфт.
Соли 1923 (қабл аз тақсимоти ҳудудии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва таъсис ёфтани Ҷумҳурии мухтори шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон (РАСС Тоҷикистон), замоне ки ҳокимияти болшевикон ба тақсимоти марзию ҳудудии Тоҷикистони имрӯза оғоз карданд, дар қисмати ҷанубии кишварамон ноҳияе бо номи «Лақайтоҷик” ташкил гардид, ки ба ҳудуди он ноҳияи Рӯдакӣ, як қисмати имрӯзаи ноҳияҳои Ёвон (аз сарҳадди ноҳияи А.Ҷомӣ то шаҳраки Ёвон), Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон шомил карда шуданд (он вақт қисмати шимолу шарқии ноҳияи Ёвон ба ҳудуди шаҳри Ваҳдат (он вақт ноҳияи Янгибозор) дохил мешуд).
Ноҳияи Ёвон дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон 11 июни соли 1934 таъсис ёфта, он замон ҳамагӣ аз панҷ колхоз иборат буд ва аҳолияш тақрибан 12-13 ҳазор нафарро ташкил медод.
Ёдовар шудан аз таърихи ноҳия таълифи чандин китобҳои алоҳидаро талаб мекунад ва ногуфта намонад, ки то имрӯз дар бораи гузаштаи ин диёр аз ҷониби таърихнигорон Ханников Н. (соли 1936 дар бораи ба водии Ёвон овардани оби дарёи Вахш ба Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод манзур намудааст), Олиянин Л., Грижмайло Г., Ғафуров Б., Мелкумов М., Налская Я., Юсупов А., Абдуллоев А., Юркевич Ю., Литвинский Б., Отахонов Т. ва дигарон пажӯҳишҳои илмиву бостоншиносие анҷом пазируфтаанд ва оид ба ин ё он паҳлуи ҳаёти мардумони ин диёр, ки бевосита ё бавосита ба таърихи ин минтақаи ҷуғрофӣ алоқамандӣ доранд, асарҳое аз қабили “Яван строится” (А.Константинов, 1972), “Ранҷ ва ганҷи Ёвон” (Р.Мусулмониён, ва Н.Наботов, 2001), “Аз Кушон то Ёвон” (Р.Мусулмониён, 1994), “Ёвони ман” (А.Сатторов ва Р.Мусулмониён, 2004), “Ёвон-Ориён” (У.Ширин, 2012), “Бунёдгарони маърифат” (У.Ширин, 2014), “Офиятбахшон дар Ёвон” (У.Ширин, 2015), “Зафармандон” (Ф.Муҳаммадӣ ва Қ.Сафархолов, 2015), «Ахтари иқболи Ёвон» ва ғайраҳо ба табъ расидаанд.
Ҳоло бошад, бо ташаббуси раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Саъдулло Бекназарзода таълифи як асари энсиклопедӣ оид ба дирӯз ва имрӯзи ноҳияи Ёвон оғоз гардидааст.