ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД.
Дар доираи амали намудани ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон вобаста ба баргузории суҳбату вохӯриҳои раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, нашъунамои пахта, парвариши пилла, корҳои ободонию бунёдкорӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, ҷудошавии оилаҳо, нашъамандӣ, худкушию худсӯзӣ, пешгирии шомилшавии занону духтарон, ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, тақлидкории занону ҷавонон ба фарҳанги бегона, фаҳмонидани моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи зуроварӣ дар оила» инчунин вохӯрӣ бо соҳибкорони муваффақ бо мақсади таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатӣ, ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бо фаъолон ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома дорад.
Дар доираи нақшаи мазкур санаи 4 июни соли равон дар ҷамоати деҳоти Обшорон таҳти раёсати раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода ва бо иштироки директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддинзода Баҳриддин бо фаъолон ва сокинони ҳудуди ҷамоат суҳбату вохӯрии судманд анҷом дода шуд. Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур муовинон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд. Раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр нахуст суханрони намуда, вобаста ба масъалаҳои болозикр иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳои асосии вохӯрии имрӯза истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад ва моро лозим аст то ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда то се ҳосил дар як сол ба даст орем ва каме ҳам бошад дар амали гаштани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Олии мамлакат, ки таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад саҳмгузор бошем. Инчунин дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ андешарони намуда қайд карданд, ки ҷавононро зарур аст зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд ва шукронаи ҳамин сулҳу ваҳдати комили миллиро ба ҷо оранд. Дар самти даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз карда шуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони худогоҳи кишвар ҳам қарз ҳам шарафи бузург мебошад. Бояд иброз дошт, ки бо дастури бевоситаи раиси ноҳия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, вобаста ба самтҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дар мудати як рӯз дар ҳудуди ҷамоати мазкур фаъолият намуда, дар ҷамъбаст дар назди раиси ноҳия ҳамаи роҳбарони гурӯҳҳои корӣ ҳисобот пешниҳод намуданд. Инчунин дар маҷлиси мазкур директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддинзода Баҳриддин суханрони намуда, вобаста ба дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолону сокинон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар охири вохӯри аз ҷониби сокинон ба раиси ноҳия саволу дархостҳо пешниҳод гардида ҷавобҳои мушаххас гирифта шуд.