СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР ДЕҲОТИ СИТОРАИ СУРХ

Дар доираи сафари кории раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх аз ҷараёни корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 боздид ба амал овард. Раиси ноҳия зимни дидор ва ошноӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ муҳандисону меъморон ва коргаронро барои ҳарчи хушсифат ва ба талаботи замони муосир бунёдкардани муассисаи бунёдшаванда дастурҳо доданд. Муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ бори дигар ба лоиҳаи сохтмонӣ синфхонаҳои иловагӣ, саҳни иншоот, роҳраву даромадгоҳи он дидан карда, барои зебову диданӣ гаштани намои берунаи он фикрҳои хешро баён доштанд. Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ёвон бомаром ҷараён дорад. Сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ тӯҳфаи хубу арзанда барои сокинони ҷамоъати деҳоти Ситораи Сурх хоҳад гашт

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.