Дар Берлин дар мавзуи назми тоҷик ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд.

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин дар ҳамкорӣ бо Бунёди фарҳангии шаҳри Берлин дар намояндагии дипломатӣ таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мулиён. Аз Зардушт то ба имрӯз» ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он адибон, шарқшиносон ва ҳаводорони забону адабиёт ва фарҳанги тоҷик иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов оид ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ибрози андеша намуд.

Номбурда гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», эълон намудани иди Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ, таҷлили «Рӯзи фалак», «Иди меҳргон», «Рӯзи китоб» ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд, далели талошҳои доимии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушду нумуи фарҳанги миллӣ мебошад.

Шарқшиноси маъруфи олмонӣ, профессор Удо Штайнбах, ки солҳои тӯлонӣ (1976-2006) роҳбарии Институти шарқшиносии Олмонро ба уҳда дошт, роҷеъ ба нақшу мақоми назми тоҷик аз замони Рудакӣ то даврони муосир маърузаи пурмуҳтаво намуд.

Удо Штайнбах аз чопи китоби тарҷумаи ашъори шоирони муосири тоҷику форс «Лирикаи форсӣ дар асри XXI» дар соли 2021 ёдовар шуд.

Сипас намунаҳо аз эҷодиёти шоирони классик ва муосири тоҷик бо забони олмонӣ ва тоҷикӣ садо доданд. Бознашр аз сомона АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.