ВОХӮРИИ СУДМАНД БО АҲЛИ МАОРИФИ НОҲИЯ.
Санаи 13 июни соли равон дар толори Қасри фарҳангӣ ноҳия бо иштироки сардори Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон Абдуллозода Зиёдулло ва муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат бо аҳли маорифи ноҳия вохӯрии судманд анҷом дода шуд. Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур директорони муасисаиҳои таълимӣ, муовинони директор, раисони кумитаҳои иттифоқи касаба ва раиснои кумитаҳои падару модарон иштирок намуданд. Нахуст муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат суханрони намуда, меҳмононро ба ноҳияи Ёвон хайрамақдам гуфта иброз доштанд, ки дар пайрави аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зери роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр соли 2024-ро дар ноҳия соли маориф эълон намуда, барои пешрафти соҳа ва бозҳам беҳтар гардидани шароити илмоӯзии наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Сипас сардори Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон Абдуллозода Зиёдулло суханрони намуда, барои ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани шароит дар муассисаҳои таълимӣ ба раиси ноҳия изҳори сипос ва минатдори баён намуданд. Ҳамзамон сардори Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон дар баромади хеш ба ҳамаи директорони муассисаҳои таълимӣ барои дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани имтиҳонҳои хатм, оғоз намудани таъмири босифати муассисаҳо, либоси ягонаи омӯзгорон ва таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактаби дар соли нави хониш дастуру супоришҳои мушаххас доданд.