Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷафар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум гардида, ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар иҷлосия як масъала – Оид ба пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудан ва ба ҳабс гирифтани вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода С.У.» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон иброз намуд, ки тафтишот муайян кард, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 тариқи алоқаи мобилӣ бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст.

Саидҷаъфар Усмонзода барои амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохили мамлакат ва берун аз он тарафдоронашро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб ва гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намуд.

Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда, онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канори мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки 12 июни соли 2024 нисбат ба Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд.

Дар интиҳои иҷлосия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аз вакилон даъват намуд, ки аз чаҳорчӯба ё меъёри дахлнопазир будани ҳуқуқи вакилон, ки тибқи талаботи қонунгузории мамлакат муайян гардидааст, берун набароянд.

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.