Дар шаҳри Лондон 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

10 сентябр  дар шаҳри Лондон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии расмӣ ва намоишгоҳу гушаи фарҳангӣ ороста намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чорабинии бошукуҳ меҳмонони воломақом аз Ҳукумати Подшоҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, рушд ва Иттиҳод, вакилону лордҳои Парлумон, намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвари маҳалли иқомат, корпуси дипломатии муқими Лондон, намояндагони бахши хусусӣ, матбуот, муассисаҳои илмӣ-фарҳангӣ ва ҳамватанони муқими Подшоҳии Муттаҳида иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳида Рухшона Эмомалӣ дар паёми шодбошии худ оид ба аҳаммияти Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, аз нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин дар бораи дурнамо ва рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳида ёдовар шуд.

Пас аз анҷоми қисми расмии чорабинӣ аз ҷониби Сафорат намоиши муди тарроҳони маъруфи Тоҷикистон Хуршед Сатторов ва Умед Кучкалиев ташкил карда шуд, ки дар он меҳмонони пазироӣ бо либосҳои миллии тоҷикии чакан ва аз атласу адрас духташуда, аз ҷумла таърихи ғании пайдоиши нақшҳои гулдузӣ шинос шуданд. Гузашта аз ин, ҳунарманди шинохтаи тоҷик Муҳаммадвалӣ Орзуев бо ғиҷак табъи иштирокдоронро бо иҷрои мусиқии анъанавии тоҷикӣ болида намуд. Бознашр аз сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.