НАМОИШИ ТАОМҲОИ МИЛЛӢ.

Воқеан, даврони Истиқлоли Ватан ин давраи пешрафту тараққиёт мебошад, ки мардуми шарифи мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро сарбаландона гузашт ва ҳоло собитқадамона ба сӯйи пеш, ба сӯйи комёбиҳо ва музаффариятҳои нав роҳсипор аст.

Ба муносибати таҷлили 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 7 сентябри соли равон дар назди Кохи фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддинзода Баҳриддин, муовини раиси вилояти Хатлон Каримзода Ҷамшед, инчунин ҳайати кории меҳмонон аз ноҳияи ба мо дӯст, ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муҳтарам Пинчук Константин Владимирович- раиси Совети депутатҳои ноҳияи Узда, Лушаков Дмитрий Геннадьевич ва Хвостов Алексей Владимирович, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат ва дигар фаъолон баргузор гардид.

Нахуст меҳмонон аз намоиши таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ омода карда шуда буд дидан намуда, ба ҳунари болои кадбонуҳои ноҳия баҳои баланд доданд.

Дар оғози чорабини раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр суханронӣ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки таърихи давраи Истиқлол шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик табиатан озодихоҳ аст ва ҳамеша, дар ҳама ҳолат Истиқлолияти давлатии худро чун гавҳараки чашм ҳифз менамояд ва баҳри таҳкиму тақвияти он садоқатмандона саъю талош меварзад.

Ҳамчунин аз ҷониби дигар баромадкунандагон вобаста ба таърихи Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда шуд.

Дар ин рӯз бо таваҷҷӯҳу дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ду нафар роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, Гуляев Фармонқул-сардори Раёсати молияи ноҳия ва Каримова Маҳбуба- директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 аз ҷониби Президенти мамлакат бо медалҳои хизмати шоиста сарфароз гардиданд. Медалҳо ва шаҳодатномаҳо аз тарафи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин ба соҳибонашон тақдим карда шуд. Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи фарҳангию театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги ноҳия таҳти унвони «Иқболи баланди мо, зи Истиқлол аст» бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури ҳозирин гардонида шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.