ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН

Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум дар ҷамоати деҳоти Даҳана санаи 21 августи соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокини деҳаи Ғарави ҷамоати деҳоти Даҳана Қодров Сайфулло дидан намуданд. Зимни боздид раиси ноҳия барои меҳнати пурсамар ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ба соҳибони замин изҳори сипос ва минатдори намуда, ба заҳмати софдилонаи онҳо баҳои баланд доданд. Ҳамзамон иброз гардид, ки ҳаряк сокини ноҳия имрӯз бояд заминҳои наздиҳаҷлигии худро самаранок истифода бурда захираи дусолаи маводи ғизоиро дар хонадони худ таъмин намуда, барои дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, ки таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад саҳмгузор бошем. Аз ҷониби Қодиров Сайфулло иттилоъ дода шуд, ки дар як мавсим аз заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамасола то се ҳосил ҷамъовари намуда, ҳамзамон маводи ғизоии аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба бозорҳои ноҳия бурда ба фуруш мегузоранд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.