САҲМИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодӣ миллӣ ба шумор рафта дар баробари соҳаи саноат барои беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон саҳми намоён мегузорад. Хоҷагидорони ноҳияи Ёвон ҳар ваҷаб замини дар ихтиёр доштаро самаранок истифода менамоянд. Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум дар ҷамоати деҳоти Даҳана санаи 21 августи соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз рафти истифодаи самараноки заминҳои хоҷагии деҳқонии “Обшорон”-и ҷамоати мазкур дидан намуданд. Зимни боздид раиси ноҳия барои меҳнати пурсамар ва самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагии деҳқони ба хоҷагидорон изҳори сипос ва минатдори намуда, ба заҳмати софдилонаи онҳо баҳои баланд доданд. Ҳамзамон иброз гардид, ки ҳаряк сокини ноҳия имрӯз бояд дар истифодаи самараноки заминҳои дарихтиёр дошта саҳлангори накарда аз онҳо васеъ истифода бурда, захираи дусолаи маводи ғизоиро дар хонадони худ таъмин намуда, барои дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, ки таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад саҳмгузор бошем. Хоҷагидорон иброз доштанд, ки хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 29 га замин дошта онҳо на танҳо оилаи худ балки бозорҳои ноҳияро бо маводи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамоянд. Ба расии ноҳия иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дар як мавсим то 3 ҳосил аз ҳаряк ваҷаб замин ҷамъоварӣ менамоянд ва бозорҳои дохилиро бо маводи ғизоӣ таъмин менамоянд. Дар хоҷагии мазкур ба ғайр аз кишти зироатҳои гуногун ба парвариши занбури асал низ машғул мебошанд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.