СЕ МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА ЯК МЕДАЛИ НУҚРА ДАСТОВАРДИ ХОНАНДАГОНИ ЁВОН.

Хонандаи Литсейи давлатии №1, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 дар сабқати ҷумҳуриявӣ барои ба даст овардани «Аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло» аз равияҳои гуманитарӣ ва риёзӣ иштирок намуда соҳиби 4 аттестати аъло бо се медали тилло ва як нуқра сазовор гардида, шаъну шарафи ноҳияи Ёвон ва вилояти Хатлонро дар ҷумҳурӣ баланд бардошта, дар вилояти Хатлон дар ҷойи чорум қарор грифтанд!

Санаи 25 июли соли равон раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ҳамаи он хонандагоне, ки дар ин сабқат сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд ба ҳузур пазируфта ин дастовардро ба ҳаряки онҳо табрику муборакбод намуда, ба волидони онҳо ва омӯзгороне, ки то ба ин сатҳ расонидани хонандагон заҳмат кашидаанд изҳори сипос ва минатдори бмён намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби раиси ноҳия хонандагон бо сипосномаи раиси ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷониби хонандагон барои таваҷҷуҳи пайваста ба таълиму тарбияи насли наврас ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба раиси ноҳия изҳори ташаккур баён намуда, қайд карда шуд, ки дар оянда бади гирифтани маълумоти олӣ омада дар ноҳияи худ ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.