БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта аз замони аввали соҳибистиқлолии ватани азизамон то ба имрӯз дар ин самт як қатор корҳои назаррас ба сомона расонида шуда барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Дар пайрави аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум дар ҷамоати шаҳраки Ёвон санаи 24 июли соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз рафти сохмони бинои нави иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и деҳаи Оли Сомони ҷамоати деҳоти Обшорон дидан намуданд. Бояд гуфт, ки дар назди муассисаи мазкур бинои иловагии иборат аз ду ошёна дорои 16 синфхона ва утоқҳои корӣ барои омӯзгорон сохта мешавад. Маблағгузории корҳои сохтмони дар бинои мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми маҳал амали гашта тибқи лоиҳа дар арафаи соли нави хониш корҳои сохтмони ба анҷом расонида мешавад. Раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ба ҳамаи он нафароне, ки дар сохтмони мазкур саҳгузори намуда истодаанд изҳори сипос ва минатдори баён намуданд. Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмони ва омода намудани синфхонаҳои ба соли нави хониш аз ҷониби раиси ноҳияи дастуру сопоришҳои мушаххас дода шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.