ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ ҲАМЕША БАРОИ ХИЗМАТ БА ВАТАН ОМОДА МЕБОШАНД.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид” ҳамасола санаи 30-июл дар саросари ватани азизамон Рӯзи иди касбии кормандони Хадамоти оташнишонӣ таҷлил карда мешавад. Санаи 30-июли соли равон дар қисми 29-Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо ин муносибат чорабинӣ доир карда шуд. Нахуст раиси ноҳия аз шароити кории кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар ноҳия дидан намуданд. Пас аз шиносоӣ дар толори қисми 29-и Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳия маҷлиси тантанавӣ доир карда шуд, ки дар раиси ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси ноҳия дар баромади хеш тамоми кормандони ин ниҳодро ба ин муносибат табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки оташнишонӣ аз зумраи камтарин касбҳоест, ки аз соҳибкасб қаҳрамониву корнамо ва нотарсиву далериро талаб мекунад. Намояндагони ин касб инсонҳоеанд, ки ҳамарӯза баҳри наҷоти ҷону амволи дигарон ҳаёту саломатии хешро зери хатар гузошта, бо оташ ҳамвора дар набарданд. Новобаста ба рӯзи идашон онҳо дар ҷойи кор ҳозир буда, тамоми шабонарӯз дар хизмати мардуманд.  Аксаран ҳодисаҳои сӯхтор аз беаҳамиятии шаҳрвандон ва тарзи нодуруст истифода бурдани ҳар гуна таҷҳизоти барқӣ сар мезананд. Аз меъёр зиёд гармшавии ҳаво ва истифодаи барзиёди қувваи барқ тариқи таҷҳизоти сардкунанда дар хонаҳои истиқоматӣ ба сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши сӯхтор оварда мерасонад. Ҳамзамон дар чорабини сародори ШВКД дар ноҳия Назарзода Манучеҳр иштирок намуда, ҳамаи кормандонро ба муносибати Рӯзи кормандони Хадамоти давлатии Оташнишонӣ самимона табрик намуданд. Дар қисмати дигари чорабини ба як қатор кормандони ин ниҳод, ки дар адои хизмати давлатӣ содиқона хизмат менамояндбо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин аз ҷониби раиси ноҳия барои кормандони қисми 29-и Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия хуроки нисфирӯзи ташкил карда шуд. 

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.