ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ШОМИ ИСТИҚЛОЛ ДАР МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯ

Дар асоси барқияи телефонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 18 июл то 6 сентябри соли 2024 баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо назардошти маҳаллаву деҳаҳои дурдаст ташкил ва гузаронида мешавад. Вобаста ба ин дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шиорҳои куҳнаю фарсуда, парчамҳои хирашуда ва парчампояҳо ва биноҳои идораю ташкилотҳо пурра иваз карда мешавад. Шиору овезаҳои нав вобаста ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти сиҳибистиқлолии кишвар, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» ва иқтибосҳо аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ насб карда мешаванд.

Дар доираи барқияи мазкур санаи 23 июли соли равон дар деҳаи Зафари ҷамоати деҳоти Норин чорабинии фарҳангӣ зери унвони Шоми Истиқлол баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат иштирок ва суханрони намуданд. Абдуллозода Саёҳат дар баромади хеш тамоми сокинони ҷамоати деҳоти Норинро аз номи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ба муносибати фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бебаҳои таърих барои миллати тоҷик ба шумор рафта бар ивази ҷонбозиҳои фарзона фарзандони миллати тоҷик ба даст омада бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат то ба имрӯз пояҳои он мустаҳкам гардидааст. Мо бояд ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, нагузорем, ки нохалафе санг ба ҷониби ватани мо андозад. Инчунин дар чорабини ба як қатор ҷавононе, ки дар ободии маҳал ва ташкилу баргузории ин чорабинӣ саҳм доштанд бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд. Дар қисмати дигари чорабинии мазкур барномаи консерти бо иштироки сарояндаи ҷавон Улуғбек Алимов омода намуда, манзури ҳозирин гардониданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.