ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД.

Имрӯз тибқи банди Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ёвон барои нимсолаи аввали соли 2024 дар толори прокуротураи наҳияи Ёвон ҷаласаи навбатии Шӯро доир гардид.

Ҷаласаро раиси Шӯро прокурори ноҳия Пирзода Парвиз Раҷабалӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, пас аз муаррифии аъзоёни Шӯро ва даъватшудагон суханро ба котиби Шӯро, муфаттиши калони прокуротураи ноҳия Муҳаммадзода Субҳониддин доданд. Муҳаммадзода Субҳониддин дар мавзӯи ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар давоми соли 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024 баромад намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки таҳлил ва санҷиши иҷрои қонуни мазкур дар ҳудуди ноҳияи Ёвон муайян намуд, ки то ба имрӯз аз шумораи 77 нафар шаҳрвандони дар хориҷи кишвар ба таълимоти ғайриқонунӣ машғул буда 76 нафарашон ба Ватан баргардонида шуда, ҳоло бошад як нафар Юлдошев Абдулманон Сулаймонович соли таввалудаш 01.11 1986, сокини деҳаи Шурча дар Донишгоҳи динни Арабистони Сауди солҳои 2011-2015 таҳсил намуда, аз 28.02.2022 то инҷониб дар давлати Ҳоланд (Нидерландия) бо зану фарзандонаш истиқомат дорад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ҳамагӣ 113 нафар бинобар содир кардани ҷиноятҳои гуногун мавриди ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, аз ин шумора 60 нафар ё 53%-и онҳо ҷиноятҳои хусусияти экстремистию терористидошта содир карда, аз тафтишот пинҳон шудаанд.

Сипас, раиси Шӯро аз масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, мудири шуъбаи маориф, сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пурсон шуда, ба онҳо супориш доданд, ки камбудию нуқсонҳои дар маърӯза қайд гардидаро ҳарчи зудтар бартараф созанд. Дар охири Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия вобаста ба масъалаи матраҳ гардида қарорҳои дхлдор қабул гардид.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.