ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро анҷом дод

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро дар Чемпионати ҷаҳон-2024 доир намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии даври аввали гурӯҳи «Е» бо чемпиони Африқо – дастаи мунтахаби Марокаш вохӯрд. Бозӣ бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи футзалбозони Марокаш анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 19 сентябр дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 бо чемпиони феълии ҷаҳон – дастаи яккачини Португалия, ки дар  даври якум бар тими Панама бо ҳисоби 10:1 пирӯз шуд, рақобат мекунад.

Бознашр аз сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.