ИДОМАИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛИ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Дар пайрави аз сиёсати созанда ва бунёдкоранаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дошта зери таваҷҷуҳи бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр қарор дорад. Дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба таҷлили бошукуҳи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ санаи 7 сентябри соли равон сокинони маҳаллаи Алишер Навоии ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав бо мақсади мумфарш намудани роҳҳои мошингарди ҳудуди маҳаллаи  мазкур ба ҳашари умуми баромаданд. Дар ҳашари умумии сокинон раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуда, бо сокинон суҳбати самими анҷом доданд. Дар рафти сӯҳбат аз ҷониби раиси ноҳия иброз гардид, ки роҳсози яке аз амалҳои хайру савоб ба шумор меравад. Ҳамзамон барои ҳар он нафаре, ки дар ин иқдоми хайрхоҳона ва шоистаи таҳсин саҳмгузори менамоянд изҳори сипос ва минатдори баён намуданд. Аз ҷониби сокинон ёдовар гардид, ки иқдоми мазкур бо саҳми маҳал ва дастгирии соҳибкорон роҳандозӣ гардида масофаи он зиёда аз30 км ташкил медиҳад. Инчунин дар дигар самтҳои хоҷагии халқ низ дар ҳудуди маҳаллаи  мазкур корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Раиси ноҳия барои босифат анҷом додани корҳои мумфаршнамои ба сокинон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.