ҲАЙАТИ КОРИИ МЕҲМОНОН АЗ КОЛЛЕҶУ ЛИТСЕЙҲО ДИДАН НАМУДАНД.

Ҳайати кории меҳмонон аз ноҳияи ба мо дӯст, ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муҳтарам Пинчук Константин Владимирович- раиси Совети депутатҳои ноҳияи Узда, Лушаков Дмитрий Геннадьевич-директори ҶДММ “АСБ Агро кухитичи” ва Хвостов Алексей Владимирович- директори ҶДММ “Айвеко строй” ба ноҳияи Ёвон бо сафари корӣ бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистион дар ноҳияи Ёвон нимаи аввали Рӯзи 7 сентябри соли равон ба ноҳтияи Ёвон ташриф оварданд.

Бо мақсади шиносои пайдо намудан аз шароити таълим дар муассисаҳои касбомӯзӣ меҳмонон нимаи дуюми рӯзи 7 сентябри соли равон аз муассисаи таълимии хусусии Коллеҷи Технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ва литсейи касби техникии ноҳия дидан намуданд.

Дар коллеҷи  Технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон меҳмонон аз осорхонаи шодравон Асадулло Ғуломов дидан намуда, ба ҳунари кундалнигории ҳунармандони коллеҷи мазкур шиносои пайдо намуда, ба ҳунари болои ҳунармандон баҳои баланд доданд. Ҳамзамон дар якчанд синфхонаи таълимӣ аз рафти машғулиятҳо боздид анҷом дода бо омӯзгорону донишҷӯён саҳбат оростанд.
Меҳмонон дар литсейи касбӣ техникии ноҳия нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои омӯзгорону касбомӯзони ин боргоҳ, ки ба намоиш гузошта шуда буд дидан намуданд. Ҳамзамон аз синфхонаҳои таълимии муассиас боздид ба амал оварданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.