КИТОБ БЕҲТАРИН РАФИҚ БАРОИ ИНСОН МЕБОШАД.

Имрӯз бо ташаббуси бевоситаи мақомотаи иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и ноҳия бахшида ба Рӯзи китоб чорабинии тантанавӣ доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовинони раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат ва Раҷабзода Алишер иштирок намуданд. Меҳмонон аз намоиши китоб, ки бо ташаббуси китобхонаи марказонидашудаи ноҳия ба намоиш гузошта шуда буд дидан намудвнд. Нахуст директори муассисаи болозикр чорабиниро ҳусни ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳазирин муаррифи намуданд. Сипас муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат суханрони намуда, аз номи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи китоб табрику муборакбод гуфта иброз доштанд, ки китоб воқеанҳам дусти беҳтарин барои инсон ба шумор меравад. Ҳамзамон ёдоварӣ намуданд, ки тӯли чанд соли охир дар ватани азизамон зери сарпарастии Пешвои муаззами миллат озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи донои китоб аст» баргузор мегардад, ки ҳамасола дар ин озмун довталабони зиёде иштирок намуда, ғолибон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин дар чорабини дигар баромадкунандагон вобаста ба китобу китобхонӣ андешаронӣ намуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.