ДАР НАЗДИ МТМУ РАҚАМИ 22 БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БУНЁД КАРДА МЕШАВАД.
Бо мақсади беҳтар намудани шароити таълим ва бартараф намудани мушкилоти ҷои нишаст бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии ташкилоти Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и ноҳия, воқеъ дар деҳаи Қулободи ҷамоати деҳоти Чоргул бинои иловагӣ иборат аз 8 синфхонаи таълимӣ бунёд карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 3 сентябри соли равон дар муассисаи мазкур вохӯрии сокинони маҳаллаи мазкур бо намояндагони ташкилоти болозикр баргузор карда шуд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат иштирок намуда, нахуст ба роҳбарияти ташкилот барои чунин иқдоми шоиста аз номи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр изҳори сипос ва минатдорӣ баён намуданд. Ҳамзамон Абдуллозода Саёҳат ба сокинон таъкид дошта қайд намуданд, ки ин имкони мусоид барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбияи фарзандони мо мебошад аз ин хотир моро лозим аст то дар атрофи намояндагони ташкилот муттаҳид гардида ҳарчи зудтар сохтмони ин синфхонаҳои иловагиро оғоз намоем. Аз ҷониби намояндагони ташкилот иброз гардид, ки танҳо 5 дарсади корҳои лоиҳавӣ аз ҷониби сокикон амали карда шуда боқимонда аз ҳисоби ташкилот иҷро мегардад. Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо ба мувофиқа расида иброз гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар кутоҳтарин мӯҳлат оғоз карда мешавад. Дар фарҷом сокинони деҳаи Қулободи ҷамоати деҳоти Чоргул аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти мазкур барои амали гардидани лоиҳаи мазкур минатдории самимии хешро баён намуданд.