ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ НОҲИЯ ДАР ДАРСИ СУЛҲ

Субҳи имрӯз раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57-и ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ раиси ноҳия иброз доштанд, ки

мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Маҳз, дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд.

Ба оғоз гардидани соли нави таҳсил имсол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 7641 нафар, алалхусус ба ин боргоҳи илму адаб 96 нафар наврасон бори нахуст қадам мегузоранд, дари хазинаи илму маърифат, дунёи зебоии ҳаёт, хотироти наву рангоранги зиндагӣ бо табассуму меҳрубонии падаронаи омӯзгорон ба онҳо боз хоҳад гардид, ки дӯстрӯякон ва волидайни онҳо бесаброна оғози соли нави таҳсилро интизори мекашанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Вақоеан, рушду пешрафти соҳаи илму маориф ва омода сохтани кадрҳои соҳибихтисосу дорои дониши таҷрибаи баланд ба оянда ва пойдорию бақои миллату давлат вобастагии амиқ дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳ ба ин соҳа таъкид сохтанд, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байнал-милалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир дояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.

Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои пойдории сулҳу субот дар кишвари азизамон талош намуда, бояд хуб дарк созанд, ки ояндаи босуботи Ватан аз ҳар яки онҳо вобастагии амиқ дорад. Инчунин ба як қатор хонандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Пас аз чорабинии тантанавӣ раиси ноҳия аз шароити илмомӯзии хонандагон дар муассисаи мазкур ошнои пайдо намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самими анҷом доданд. Дар рафти сӯҳбат раиси ноҳия ба хонандагон барои бозҳам азхуд намудани илмҳои замонавӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳамзамон дар толори муассисаи мазкур раиси ноҳия якҷо бо хонандагони синфҳои болои ба воситаи оинаи нилгун пахши мустақими иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19- пойтахт доир гардид тамошо намуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.