АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР РӮЗИ ДОНИШ

Санаи 1 сентябри соли равон дар доираи баргузории чорабиниҳои гуногун ба ифтихори Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо дастуру супоришҳои бевоситаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз ҷониби муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат собиқадорони соҳаи маориф Султонова Амина, Латипова Оиша ва Ҳайдарова Нина аёдат карда шуданд. Дар рафти боздид и. в мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Бобоев Саидбек муовини раиси ноҳияро ҳамроҳи намуданд. Зимни сӯҳбат бо собиқадорон Абдуллозода Саёҳат ба ҳамаи он нафароне, ки умри пурбаракати худро дар таълиму тарбияи насли наврас фидл намуданд аз номи раиси ноҳия изҳори сипос ва минатдорӣ баён намуданд. Ҳамзамон иброз карда шуд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар ин самт аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Инчунин аз омӯзгорони ҷавон хоҳиш карда шуд, ки таҷрибаи собиқадорони соҳаро сармашқи кори худ намуда, дар рафти таълиму аз усулҳои нави таълим истифода намоянд. Аз ҷониби раиси ноҳия ҳамаи собиқадорони аёдатгардида бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.