БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ВАСЕИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 августи соли равон дар толори қасри фарҳангӣ ноҳия ҷаласаи васеи назоратии назди раиси ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр баргузор гардид. Ҳамчунин дар ҷаласа муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолони ноҳия иштирок намуданд. Нахуст раиси ноҳия ҳамаи ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид доштанд, ки сокинони шарафманди ноҳияи Ёвон дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соли 2026 яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Аз ин лиҳоз моро лозим аст, ки бо тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандаг ҳо ин санаи фархундаро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем. Дар ҷаласаи мазкур раиси ноҳия ба тамоми соҳаҳо новобаста аз шакли моликият барои бозҳам ободу зебо гардонидани як гӯшаи ватани азизамон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дастур гирифтанд, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла шоҳроҳҳо шанбегиҳои дастаҷаъмона ташкил намуда, алафҳои бегона ва хушкшударо тоза намоянд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.