АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 18 август дар саросари ватани азизамон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин санаи фархунда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақша чорабиниҳо таҳия гардида дар ин самт як қатор чорабиниҳои оммавӣ дар ҳудуди ноҳия роҳандози гардида истодааст. Бо ин мақсад санаи 15 августи соли равон аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр собиқадорони соҳаи тандурустии ноҳия Руштова Соҳиба ва Чориев Бердиқул аёдат карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки Руштова Соҳиба ва Чориев Бердиқул умри пурбаракати хешро барои сиҳатии аҳолии ноҳия ва баланд гардидани сатҳи хизмарасонии тиббӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ сипари намудаанд. Зимни аёдат раиси ноҳия ба собиқадорони соҳа барои хизматҳои шоиста дар рушди соҳаи тандурустии ноҳия изҳори сипос ва минатдори баён намуданд. Инчунин аз ҷониби раиси ноҳия ба собиқадорон сипосномаҳои раиси ноҳия ва мукофотҳои пули тақдим карда шуд. Аз ҷониби Руштова Соҳиба ва Чориев Бердиқул барои таваҷҷуҳи бевоситаи ба соҳаи варзиш ва собиқадорони соҳа изҳори сипос карда шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.