ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 18 август дар саросари ватани азизамон Рӯзи командони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 15 августи соли равон дар толори Қасри фарҳангӣ ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр чорабинии тантанавӣ доир карда шуд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, кормандони соҳаи тандурустии ноҳия иштирок намуданд. Нахуст раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи тандурустии ноҳия дидан намуда, барои бозҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Раиси ноҳия дар назди ҳозирин суханрони намуда, ҳамаи иштирокдорон ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрику муборакбод гуфта иброз доштанд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон зери роҳбари хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳаҳои муҳими давлатӣ аҳамияти махсус зоҳир гардида, санаҳои таърихӣ ва иду ҷашнҳои касбӣ дар фазои орому осуда таҷлил карда мешаванд. Таҷлили Рӯзи иди кас-бии кормандони соҳаи тиб, ки ҳамасола 18 август дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳи ҷалоли хоса таҷлил карда мешавад, аз идомаи тадбирҳои некбин-онаи Роҳбарияти олии мамлакат ба ҳисоб рафта, нишонаи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои ворисони Синои бузург мебошад. Зеро 1044 сол муқаддам, дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омадааст.
Бояд зикр намуд, ки соли ҷорӣ барои таъмири ҷории шуъбаи муҳосиботи беморхонаи марказӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 194 ҳазор сомонӣ, барои таъмирии ҷории беморхонаи минтақавии деҳотии № 3 деҳаи Даштобод аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 571 ҳазору 263 сомонӣ ҷудо гардида, корҳои таъмиру азнавсозӣ бомаром идома дорад. Илова бар ин, соли ҷорӣ дар деҳаи Сарқамиши деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова ба маблағи 201 ҳазор сомонӣ бунгоҳи саломатӣ сохта, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 250 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карда, дар арафи ҷашни 27 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар қисмати дигари чорабинии мазкур як қатор кормандони соҳаи тандурустии ноҳия, ки фаъолияти пурсамар нишон дода барои сиҳатии аҳолии ноҳия хизматҳои шоиста намудаанд дар фазои тантанавӣ бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳангӣ ноҳия барномаи консертии идона омода карда шуда, манзури ҳозирин гардонида шуд.