СОХТМОНИ МАҒОЗАИ ХУРОКВОРӢ ВА ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ

Бо мақсадаи сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон нақша чорабиниҳо таҳия гардида, зери таваҷҷуҳи бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр қарор дошта дар ин самт корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома дорад. Бо мақсади шиносои пайдо намудан аз рафти корҳои созандаию бунёдкорӣ, дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум санаи 9 августи соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Норин дидан намуданд. Дар рафти боздид раиси ноҳия аз рафти сохтмони як мағозаи фурушӣ дар деҳаи Зафари ҷамоати деҳоти Норин шиносоӣ пайдо намуданд. Раиси ноҳия иброз доштанд, ки соҳибкорон қувваи бузург мебошанд ва моро лозим аст бозҳам барои беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон ва ободу зебо гардонидани ватани азизамон ҳамкориро бо соҳибкорони ноҳия ҷоннок намоем. Инчунин ба соҳибкор барои бунёди чунин нуқтаи хизматрасонӣ ва таъсиси зиёда аз 20 ҷойи корӣ изхори сипос ва минатдори баён намуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.