РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Бо мақсадаи сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон нақша чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома дорад. Санаи 31 июли соли равон ҷавонони фаъоли деҳаи Зулмободи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ба ҳашари умуми баромада барои ободу зебо гардонидани як гӯшаи тоҷикистони азиз саҳмгузори менамоянд. Ҷавонон дар ин рӯз дар таъмири пули мошингузари ҳудуди деҳа ва битонпуш намудани роҳҳои дихили деҳа фаъолияти шоиста анҷом доданд. Дар рафти ҳашарҳои умуми муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат иштирок намуда, аз номи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ба ташкилкунандагон ва тамоми ҷавонони фаъоли деҳаи мазкур барои ин иқдоми шоиста изҳори сипос ва минатдори баён намуданд. Аз ҷониби муовини раиси ноҳия иброз карда шуд, ки ҷавонони фаъоли деҳаи Зулмобод чун дигар ҷавонони ба ору номуси ноҳия бо шукргузори аз фазои сулҳу ороми ва ваҳдати комили миллӣ дар гулгулшукуфоии ватани азизамон саҳми намоён мегузоранд. Ҳамзамон зикр гардид, ки ин ҳама созандагиҳо дар пайрави аз сиёсати созанда ва бунёдкорани Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандози гардида, то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ идома хоҳад дошт.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.