ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН БАХТИЁР ШАРИФӢ БА МУНОСИБАТИ 27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамдиёрони азиз, собиқадорони меҳнат!

Бисту ҳафт сол муқаддам, яъне 27-уми июни соли 1997 санади сарнавиштсоз — Созишномаи сулҳитоҷикон ба имзо расид, ки ба шарофати он дар кишвар заминаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ гузошта шуд.
Ба муносибати 27- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони ваҳдатсарои ноҳияи Ёвонро самимона табрику шодбош гуфта, бароятон тандурустии бардавом, рӯзгори осоишта, саодати ҳамешагӣ ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидониро орзӯ менамоям.

Ҳозири иззатманд!
Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии мамлакат сарчашма мегирад, воқеан барои қатъ намудани ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.
Ҳамаи мо хуб дар ёд дорем, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз қадамҳои нахустини даврони истиқлолу озодӣ дар натиҷаи фитнаву дасисаҳо душманони миллати тоҷик ба зарбаи даҳшатноку фоҷиабори таърих -буҳронҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.
Дар як муддати кӯтоҳ шиддати ҷанг ба дараҷае расид, ки хатари аз байн рафтани давлати навини тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатбори рӯз табдил ёфта буд.
Ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбаронусаркардагони террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод,ки боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.
Таҳлилу мушоҳидаҳо собит месозанд, ки мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд.
Хушбахтона такя ба хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.
Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони ватандору бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.
Меъмори давлати навини тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбо дарки амиқи масъулият дар назди сокинони мамлакат ва ояндаи кишвар тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ намуд, то ба ҷангу хунрезӣ хотима бахшида, оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳамчун умеду орзуи ягонаи хурду бузурги Тоҷикистон дар он айёми хатарзову фоҷиабор барқарор гардад.
Бо иқдом ва ташаббусҳои хирадман-донаи Роҳбари давлат, дар қадами аввал, фаъолияти сохтору мақомоти амалан фалаҷшудаи давлатӣ барқарор карда, дар ин раванд беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо, ки ба кишварҳои дуру наздики олам гуреза шуда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Баъдан дар мамлакат ислоҳоти консти-тутсионӣ роҳандозӣ шуда, парламенти касбӣ таъсис дода шуд ва ислоҳоту дигаргуниҳои бунёдии иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид.
Дар натиҷаи қабул ва амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ, Ҳукумати мамлакат тавонист, ки бо кумаку дастгирии самимонаи мардуми шарифи тоҷик ҷомеа ва давлатро аз буҳрони вазнини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ бахшида, масири инкишофи минбаъдаи Тоҷикистонро муайян намояд.

Ҳамдиёрони азиз!
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор изҳор менамоянд, ки “Таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи тоҷик аст ва қаҳрамони сулҳу ваҳдати миллӣ низ танҳо халқи Тоҷикистон мебошад”.
Ҳамин аст кинақшаву барномаҳои давлатӣ оид ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд.
Имрӯз сокинони кишвар, аз ҷумла аҳолии ноҳияи мо, бо ҳисси баланди ватан-дӯстӣ дар амри ободии диёр содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Мехоҳам як нуктаи муҳимро хотирнишон созам,ки дар шароити ниҳоят печидаву ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, суботу оромӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат аҳаммияти аз ҳарвақта бештар пайдо кардааст.
Пӯшида нест, ки вақтҳои охир авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ босуръат тағйир ёфта, зуҳури ғояҳои хатарбор, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва хатарҳои дигар, ки тӯфони ҷаҳонишавӣ бо худ меоварад, моро водор месозанд, ки андешаи муқаддаси ваҳдати миллиро ба хотири саодати миллат ва бақои давлат ҳарчи бештар густариш бахшем.
Дар ҳамин асно Пешвои муаззми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки “Мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем”.
Дар чунин шароит табиист, ки аҳаммият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд.

Ҳозирини муҳтарам!
Ҳар яки мо бояд як нуктаи бисёр муҳимро доим дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон — зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад.
Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, ҳамаи нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд.
Мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманонаашон даст накашидаанд.
Мову шумо хуб медонем, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат, ки нишонаи сатҳи пасти саводу маърифат мебошад, ҳамеша бадбахтӣ меорад, дар роҳи пешрафту тараққиёти давлат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
Боварӣ дорем, ки хурду бузурги ноҳияи Ёвон дар қатори дигар сокинони кишвар минбаъд низ таҳти парчами истиқлолу озодӣ тамоми кӯшишу талоши худро ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як фарди мамлакат сафарбар месозанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар анҷом мехоҳам суханони Асос-гузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шавам, ки бо мақсади таҳкиму тақвияти ин неъмати арзишманд гуфта шудаанд: «Дӯст бошед, иттифоқ бошед,шукронаи ана ҳамин давлат кунед, шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред».
Бо ҳамин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар як сокини диёр, пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдати ҷовидона орзӯ менамоям.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.