МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ПОЯИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон санаи 25 майи соли 2024 дар ноҳияи Данғара дода буданд, тибқи нақша чорабиниҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар татбиқи ормонҳои миллӣ» дар ноҳияи Ёвон санаи 19 июни соли равон Фестивали ҷавонон баргузор гардид. Нахуст Иштирокчиёни Фестивал аз ҷониби масъулини ноҳиявӣ қабул карда шуда, дар доираи барномаи омода намудаи Фестивал дар маросими ифтитоҳи пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх, деҳаи Рӯдакӣ ширкат варзиданд. Ҳамзамон дар маросими ифтитоҳи пояи Парчами давлатӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, иштирокчиёни Фестивал ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки баландии пояи парчами давлатӣ 30 метрро дар бар гирифта аз ҳисоби ҷавонони деҳаи мазкур ба мақсади арҷгузоштан ба мақаддасоти миллӣ сохта шудааст. Инчунин дар назди пояи Парчами давлатӣ гулгашт бо насби аксҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон барои фароғати сокинони деҳаи мазкур бунёд карда шудааст.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.