БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ТАҒОЙОБОДИ БОЛО

Бо мақсадаи сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ яъне, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон сохтмони биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо маром ҷараён дорад. Санаи 20 июни соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз рафти сохтмони бинои наву замонавӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 69-и ноҳия, ки бо ташаббуси бевоситаи мақомотаи иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорону саҳми маҳал сохта шуда истодааст дидан намуданд. Ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмони дар бинои мазкур аз рӯи лоиҳа рафта истода дар муҳлати муайян гардида ба истифода дода мешавад. Раиси ноҳия бо масъулин ва сохтмончиён барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтиони дар бинои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар асоси лоиҳа бинои нав аз ду ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат мебошад. Пас аз шиносои аз рафти сохтмон раиси ноҳия бо сокинони деҳаи Қайнамаи ҷамоати деҳоти Обшорон суҳбату вохӯриҳо анҷом дода иброз доштанд, ки мо бояд то соли нави хониши 2024-2025 сохтмони бинои навро дар якҷоягӣ ба итмом расонида ба истифода диҳем ва фарзандони мо соли нави хонишро дар синфхонаҳои наву замонавӣ ва шароити беҳтарин ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.