БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ТАТБИҚИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ”

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон нақша чорабиниҳо таҳия гардида дар ин самт дар ҳудуди ноҳия чорабиниҳои тантанавӣ бо маром идома дорад. Дар доираи нақшаи мазкур санаи 19 июни соли равон дар толори Қасри фарҳангӣ ноҳия конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ТАТБИҚИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ” баргузор карда шуд. Дар кори конференсия раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, Директори маркази омӯзишии мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, номзади илмҳои филология, дотсент Назира Амирбекзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин дар толор муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, иштирокчиёни Фестивали ҷавонон, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун ҳузур доштанд. Нахуст меҳмонон аз намоиши даствордҳои мактабҳои варзишии ноҳия ва ҷавонони ҳунарманди ноҳия, ки дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг ба намоиш гузошта шуда буд дидан намуданд. Бо сухани ифтитоҳи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр суханрони намуда, ҳамаи меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта иброз доштанд, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷику мардумони Тоҷикистон хушбахтиву саодатмандиҳо ва пешрафту шукуфоиҳои зиёда насиб гардонид. Ҳамкориҳои дӯстона бо зиёда аз 180 кишвари дунё ба роҳ монда шуд, бунёд гардидани роҳҳои сатҳи байналмиллалӣ, корхонаҳои бешумори истеҳсолӣ, ки ба ояндаи боз ҳам дурахшони кишвар мусоидат менамоянд, аз ҷумлаи онҳо мебошад. Вобаста ба арҷгузорӣ ба Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби дигар баромадкунандагон ибрози андешаронӣ карда шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.