АЁДАТИ АФСАРОНУ САРБОЗОН ДАР АРАФАИ ИДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Ёвон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 19 июни соли равон дар қисми низомии 6593-и ноҳия чорабиниҳои гуногун ва орстани дастархони идона барои афсарону сарбозон баргузор карда шуд. Дар чорабиниҳои мазкур раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, директори маркази омӯзишӣ мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, номзади илмҳои филология Назира Амирбекзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон ва иштиркчиёни Фестивали ҷавонони вилояти Хатлон иштирок намуданд. Меҳмонон дар қисми низомӣ аз ҷойи хоб, ошхонаи сарбозон ва китобхона дидан намуда, бо сарбозону афсарон суҳбат оростанд. Дар суҳбат бо афсарону сарбозон аз ҷониби меҳмонон иброз карда шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар фарди ҷомеа ҳам қарз ва ҳам шарафи бузур мебошад ва Ҳукумати мамлакат зери роҳбари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани шароити хизмат дар қисмҳои низоми аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд. Аз ҷониби меҳмонон барои ба варзиш машғул шудани афсарони сарбозон як миқдор туб тақдим карда шуд. Инчунин дар ин рӯз бо ташаббуси беморхонаи марказии ноҳия барои афсарону сарбозони қисми низомии мазкур дастархони идона ороста шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.