НАЗОРАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ БА ИФТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯЯТИ ДАВЛАТӢ

Бо мақсади зери назорати ҷидди қарор додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ , яъне 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи амали намудани ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон вобаста ба баргузории суҳбату вохӯриҳои раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, нашъунамои пахта, парвариши пилла, корҳои ободонию бунёдкорӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, ҷудошавии оилаҳо, нашъамандӣ, худкушию худсӯзӣ, пешгирии шомилшавии занону духтарон, ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, тақлидкории занону ҷавонон ба фарҳанги бегона, фаҳмонидани моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи зуроварӣ дар оила» инчунин вохӯрӣ бо соҳибкорони муваффақ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бо фаъолон ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома дорад.

Дар ин радиф  санаи 6 июни  соли равон дар толори маҷлисии МТМУ №57 деҳаи Зулмободи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов таҳти раёсати раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода бо фаъолон ва сокинони ҳудуди ҷамоат суҳбату вохӯрии судманд анҷом дода шуд. Ҳамзамон дар маҷлиси мазкур муовинон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд. Сараввал роҳбарони гуруҳҳое, ки бо дастури бевоситаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр вобаста ба самтҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дар тули як рӯз дар ҳудуди ҷамоат аз ҳамаи самтҳо дидан намуда буданд дар назди раиси ноҳия ва ҳозирин ҳисобод пешниҳод намуданд. Пас аз баромади гуруҳҳои корӣ Раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр суханрони намуда, вобаста ба масъалаҳои болозикр иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳои асосии вохӯрии имрӯза истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад ва моро лозим аст то ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда то се ҳосил дар як сол ба даст орем ва каме ҳам бошад дар амали гаштани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Олии мамлакат, ки таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад саҳмгузор бошем. Инчунин дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ андешарони намуда қайд карданд, ки ҷавононро зарур аст зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд ва шукронаи ҳамин сулҳу ваҳдати комили миллиро ба ҷо оранд. Дар самти даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз карда шуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони худогоҳи кишвар ҳам қарз ҳам шарафи бузург мебошад. Дар охири вохӯри аз ҷониби сокинон ба раиси ноҳия савуло дархостҳо пешниҳод гардида ҷавобҳои мушаххас гирифта шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.