Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон бо маданияти истифодаи замин дар хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ» шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Ёвон аз маданияти истифодаи замин дар хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ» ва намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони вилояти Хатлон боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии  «Раҷабалӣ» соли 1999 аз тарафи деҳқони ботаҷриба Усмоналӣ Раҷабов дар масоҳати 9 гектар замини обӣ ташкил гардида, дар он 5 саҳмдор фаъолият менамоянд, ки ҳамасола  зироати гуногуни кишоварзӣ  кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар хоҷагӣ имсол дар кишти асосӣ дар масоҳати 2 гектар гандуми навъи   «Кроснадар» ва дар 3 гектар картошкаи навъи  «Галла» кишт  шуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ кишти зироати хӯроки чорво, аз ҷумла беда мебошад, ки ин навъи зироат дар 4 гектар замини хоҷагӣ корида шуда, ҳамчун хӯроки серғизо барои чорво истифода мегардад.

Бо ҳамин роҳ ҳамасола хоҷагидорон номгӯи зиёди зироати кишоварзиро кишт намуда, аз самараи дастранҷи худ дар беҳбуди рӯзгори саҳмдорон ва сатҳи иқтисодии хоҷагӣ саҳм мегузоранд.  Имсол бори аввал хоҷагидорон бо татбиқи таҷрибаи нави истеҳсолӣ дар масоҳати 1 гектар кишти барвақтии картошка зери плёнкаро гузарониданд. Саҳмдорони хоҷагӣ бо парвариши ин навъи сабзавот талош доранд, ки дар фаровонии бозорҳои истеъмолии мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳисса гузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти кишту парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тозаи табиӣ баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештар тақозо менамояд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва чорвои хушзоти хоҷагиҳои ҳудуди вилояти Хатлон шинос шуданд. Дар намоиш ғалладона, сабзавот, полезӣ, зироати лӯбиёӣ ва меваҷот муаррифӣ шуд, ки беш аз 20 тонна маҳсулоти кишоварзиро ташкил медод.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.