Дар Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид

Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 1 то 6 июли соли 2024, дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи мулоқот тарафҳо баррасии масъаларо идома дода, оид ба тавсифи хатти сарҳади давлатии  Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонда табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо корҳоро дар ин самт, дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди  Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.