Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шарифро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.