Таҳкими дурнамои ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баррасӣ шуд.

11 июни соли 2024 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо сафири дабири кулли Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Кайрат Сарибай баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо таҳкими дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар медиҳад.

Директори Марказ оид ба тавсеаи ҳамкорӣ байни кишварҳои қитъаи Осиё, бахусус Осиёи Марказӣ дар шароити гуногунии фарҳангӣ ва тамаддунӣ иброз намуд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ҳамкории марказҳои зеҳнӣ барои тақвияти робитаҳои мутақобилан судманд басе муфид ва саривақтӣ мебошад. Хусусан, бо суръати назаррас рушд намудани ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ хеле зарур ва муҳим мебошанд.

Зимни мулоқот масоили обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, оқибатҳои таъсири манфии он, ҳифзи муҳити зист ва боло бурдани иқтидори тавлиди неруи «сабз» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки сол то сол робитаҳои гуногунсоҳаи мамлакати мо бо давлатҳои дигар, созмонҳои бонуфузи байналмилалии сиёсӣ ва ташкилоти молиявию сармоягузорӣ торафт густариш меёбанд ва самарабахш мегарданд. Ин далели он аст, ки густариши сиёсати «дарҳои боз», муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо тамоми кишварҳои олам ҳамчун афзалияти устувору бетағйири сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар ҳарчи бештар дар масири ҳамкории мутақобилан судманд гомҳои устувор ниҳода, аз имконияти  ба даст омада самаранок истифода менамояд.

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.